Дар пайрави аз сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 3 сентябри соли равон бо ташаббуси раиси ноҳияи Шуғнон Шоисматуллозода Комил барои сокинони ноҳияи Ишкошим, ки аз офати табиӣ зарар диданду ҳоло дар урдугоҳи Шабдези ноҳияи Роштқалъа қарор доранд, барномаи фарҳангӣ ва дастархони пурнозу неъмат ороста гардид.
Ҳамзамон аз тарафи Роҳбарияти ноҳия барои осебдидагон кумаки яквақтаи моддӣ расонида шуд.
Раиси ноҳия Шоисматуллозода Комил бо сокинони аз офати табиӣ зарардида суҳбати озоду самимӣ доир намуда, қайд дошт, ки онҳо доимо зери таваҷҷуҳ ва ғамхорию дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Сокинони аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошим аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбарияти вилояту ноҳия изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Барномаи фарҳангӣ фароғатии ҳунармандони ноҳияи Шуғнон анҷомбахши чорабинӣ гардид.

















































































































































































































































































































































































































































































