Санаи 4 сентябри соли равон дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон конференсияи 20-уми ҳисоботӣ – интихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон баргузор гардид.

Дар кори конференсия раиси ноҳияи Шуғнон Шоисматуллозода Комил, мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ширинбекзода Садриддин, муовини Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ВМКБ Қазоқов Собир, муовинони раиси ноҳия, вакилон, аъзоёни фаъоли ҳизб ва собиқадорон ширкат варзиданд.

Дар ҳисобот масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

– Шунидани ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон “Дар бораи фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон дар давраи ҳисоботӣ”

– Шунидани ҳисоботи раиси комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон “Дар бораи фаъолияти молиявии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон дар давраи ҳисоботӣ”;

– Интихоботи ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон;

– Интихоби раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон;

– Интихоботи ҳайати нави Комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон;

– Пешбарии номзадҳо ба вакилии конференсияи 18-уми ҲХДТ дар ВМКБ аз ноҳияи Шуғнон

– Масъалаҳои ҷорӣ;

Аз рӯи масъалаи якум раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон Саидбекова Химча баромад намуда, оиди фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон ахборот дод.

Сипас вакилон аз рӯи дигар масъалаҳои дар боло зикргардида ҳисоботи хешро манзури ҳозирин гардониданд.

Дар идома раиси ноҳия баромад намуда қайд дошт, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ва бахусус ҳар як аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳаст, ки имрӯз таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон ҳамчун мактаби сулҳофар дар дунё омӯхта мешавад.

ҲХДТ ҳамчун ҳизби бориз ва созандаю ободкор нақши босазоеро дар таърихи навин дорад.Таҷрибаҳои ҳам талху ҳам ширини даврони истиқлолият исботи онанд, ки маҳз сиёсати созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки бевосита мақсаду маромаш дар амал татбиқ намудани чор ҳадафи сратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, дар ин роҳ садоқатмандона ба вуқӯъ пайваст.

Мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ширинбекзода Садриддин низ баромад намуда, иброз дошт, ки аз рӯзҳои аввали таъсисёбии ҲХДТ баҳри ҳадафҳои созанда аз тарафи ҳар як аъзои ҳизб дар байни ҳамагуна табақаҳои қишрҳои ҷомеа таблиғоту ташвиқот карда мешуд, ҳама ин заҳмату талошҳо бенатиҷа намонд. Дар як муддати кӯтоҳ мардуми шарифи Тоҷикистон зери роҳбарии сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати сулҳхоҳу раъиятпарвар муаррифӣ намояд. Боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ва бахусус ҳар як аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳаст, ки имрӯз таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон ҳамчун мактаби сулҳофар дар дунё омӯхта мешавад.

Муовини Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ВМКБ низ оиди фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ ахброт дод.

Сипас аъзоёни фаъоли ҳизб низ оиди масъалаҳои зикргардида фикру андешаҳояшонро баён намуданд.

Дар идомаи конференсия раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил бо Сипосномаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ сарфароз гардонида шуд.

Ҳамзамон аъзоёни фаъоли ҳизб низ бо Ифтихорномаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон ва собиқадорон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.