Санаи 3 сентябри соли равон бо мақсади ҳавасмандӣ байни бонувон, дарёфти беҳтарин кадбону дар пухтани хӯрокҳои болаззати миллӣ ва муосир, омода намудани хӯришҳои гуногун ва ҷалби бонувону ҷавондухтарон ба касбомӯзӣ ва эҳёи таомҳои азбайнрафта озмуни “Ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир” дар ВМКБ баргузор гардид.
Хушбахтона намояндаи ноҳияи Шуғнон кадбону Назаралиева Гулшан дар озмуни вилоятии ” Қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир” иштирок намуда сазовори ҷойи аввал гардид ва роҳхат ба даври ҷумҳуриявии озмуни номбурдаро ба даст овард.

















































































































































































































































































































































































































































































