Санаи 9 сентябри соли равон бо иштироки муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-моёр Иброҳимзода Имомалӣ ва раиси ноҳияи Шуғнон Шоисматуллозода Комил дар деҳаи Боғеви ҷамоати Сучон 33- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид.
Меҳмонон сараввал аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастранҷи сокинони ноҳияи Шуғнон дидан намуданд.
Сипас раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил баромад намуда, қайд дошт, ки баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар кишвари мо ислоҳоти куллии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба амал оварда шуд. Ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ рушди маориф, илм ва фарҳанг дар сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон самти афзалиятнок эълон гардид.

Истиқлолият беҳтарин неъмат ва гаронтарин арзиш барои ҳар давлату миллат ба ҳисоб меравад.
Истиқлолият дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташабусҳои ҷаҳонии ин шахсияти тавоно тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд, чунонки акнун ҳеҷ гуна тасмимгирии дастаҷамъиро дар минтақа бе ҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард.
Муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал- моёр Иброҳимзода Имомалӣ зимни баромад иброз дошт, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии мардуми Тоҷикистон мебошад.
Дар идома муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал- моёр Иброҳимзода Имомалӣ фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро баҳри хизматҳои шоиста қадр намудани мудири бахши иқтисод ва савдои ноҳияи Шуғнон Бекназаров Илҳомро хонда мавсуф дар чорабинии тантанавӣ бо медали шоиста қадрдонӣ гардид ва бархе аз кормандон ва фаъолони ноҳия бо ифтихорномаи раиси ноҳия қадрдони гардиданд.
Ҳамзамон барномаи фарҳангӣ фароғатии ҳунармандони ноҳияи Шуғнон манзури иштирокдорон гардид.
Дар фарҷом бозии ниҳоии мусобиқа аз намуди волейбол, ки байни ҷамоатҳои деҳоти ноҳия шуда гузашт доир гардида варзишгарон бо ифтихорномаву медалҳо ва мукофоти пули сарфароз гардонида шуданд.