Дар асоси нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ба ифтихори сазовор таҷлил намудани ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома дорад.

Ба ҳамин мақсад санаи 11 сентябри соли равон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон дар ҳамкорӣ бо идораи КФД-и «Хоҷагии манзилии комуналӣ»-и ноҳия баҳри муҳайё намудани шароити мусоид ҷиҳати сайру гашт ва фароғати сокинону меҳмонони ноҳия роҳи мошингарди деҳаи Пашори ҷамоати Поршинев дар масофаи 3 км чароғон гардид.

Зимни вохўрӣ бо сокинони деҳаи Пашор раиси ноҳияи Шуғнон Шоисматуллозода Комил иброз намуд, ки ин иқдом бо мақсади амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, бо ин мақсад мушкилоти мардум марҳила ба марҳила бартараф карда мешавад.