Санаи 12 сентябри соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ сӯҳбату вохӯрии гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ дар ҳайати:
Музаффар Ашӯриён – Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Ализода Зариф – ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ;
Ғанизода Шуҳрат – сардори Раёсати ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Амирбекзода Ҳабибулло – муовини раиси ВМКБ бо фаъолон ва намояндагони касбу кори гуногуни ноҳияи Шуғнон баргузор карда шуд.
Нахуст, раиси ноҳия Шоисматуллозода Комил меҳмононро барои ташриф ба ноҳия хайрамақдам гуфта, қайд доштанд, ки Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷаи кишварҳое мебошад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро интихоб намудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қисми якуми моддаи 1-и Конститутсияи мамлакат давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шудааст. Арзишҳои гуфташуда собит менамоянд, ки дар таърихи инсоният онҳо аз арзишҳо дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд беҳтар дониста мешаванд. Баъдан аз ҷониби гурӯҳи корӣ вобаста ба иҷрои банди 2-и Нақшаи чорабиниҳои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми марти соли 2024, №АП-533 ва супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми майи соли 2024 таҳти рақами 16388 (21.11) ва пешбурди корҳои доимӣ дар доираи мавзӯҳои вобаста ба маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон баромадҳо карда, қайд карданд, ки таҷрибаи ҷаҳонӣ исбот намудааст, ки ташаккул ва рушди давлати ҳуқуқубунёд бе робитаи устуворӣ шаҳрвандони он дар самти риояи ҳуқуқ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ вуҷуд дошта наметавонад. Зеро дар ин раванд иштироки шаҳрвандон низ хело муҳим аст, ки то чӣ андоза ҳуқуқу уҳдадориҳои худро медонанд ва вазифахои худро чӣ тавр иҷро мекунанд. Аммо, мутаассифона, мо имрӯзҳо шоҳиди иттилооту ҳодисаҳое низ мегардем, ки шаҳрвандони ҷумҳурии мо бахусус ҷавонони кишвар, ки ояндасози давлату миллатанд, дидаю дониста даст ба ҳуқуқвайронкуниҳо зада қонуният ва тартиботи ҳуқуқию ҷамъиятиро дағалона вайрон менамоянд, ки яке аз омилҳои асосии нишон додани маърифати пасти ҳуқуқии онҳоро ифода мекунад. Донистан, эҳтиром ва риояи Конститутсия ва қонунгузории кишвар, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқ, таҳкими ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи шаҳрвандон бо мақомоти давлатӣ, иштироки шаҳрвандон дар раванди фаъолияти қонунгузорӣ ва дигар равандҳои кишвар вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Вале дар сурати риоя нагардидани қонунгузорӣ ва даст задан ба ҳуқуқвайронкунӣ боиси татбиқи ҷавобгарии ҳуқуқи мегардад. Зеро мутобиқ ба муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.
Ҳамаи мо имрӯз вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул бошем ва дар атрофи Сарвари давлат муттаҳиду сарҷамъ шуда, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем, зеро давлате, ки муттаҳиду сарҷамъ ва бомаърифат аст ягон мушкилӣ онро пароканда карда наметавонад.

















































































































































































































































































































































































































































































