Имрӯз, 14 сентябри соли равон дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон аз ҷониби раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил қабули шаҳрвандон сурат гирифт.

Роҳбарияти ноҳия зимни гуфтугӯи озод бо шаҳрвандон муроҷиат ва дархосту шикояти онҳоро шунида, бобати расидагӣ намудан масъалаҳои онҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Бояд гуфт, ки ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон аз ҷониби роҳбарияти ноҳия қабули шаҳрвандон доир мегардад.