Санаи 15-уми сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир» баргузор гардид.
Ҳадафи асосии баргузории озмун аз эҳёи анъанаҳои миллӣ, оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини омодасозии шириниҳои халқи тоҷик, тарғиби эҳтиром ба ҳунари ширинипазӣ, ҳавасмандкунии шаҳрвандон барои сарфакорона ва моҳирона пухтани навъҳои гуногуни шириниҳо ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани тарзу усули пухтани он иборат мебошад.
Бояд таъкид намуд, ки анъанаи омодасозии шириниҳои миллӣ бо зарфияти хос, бахусус аз лиҳози усули омода намудан ва истифодаи навъҳои гуногуни маҳсулот дар ҷаҳон беназир аст.
Хушбахтона намояндаи ноҳияи Шуғнон кадбону Назаралиева Гулшан дар даври ҷумҳуриявии озмуни ” Қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир” иштирок намуда, аз байни зиёда аз 50 иштирокчи ҷойи дуюмро ба даст овард.

















































































































































































































































































































































































































































































