Нахуст, муовини раиси ноҳияи Шуғнон Мирзоашраф Пайрав Изаталӣ суханронӣ намуда, аз номи раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил меҳмононро барои ташриф ба ноҳияи Шуғнон хайрамақдам намуданд.

Сипас, аз ҷониби аъзоёни гурӯҳи корӣ дар бораи вазъи сарҳади давлатӣ, саҳми сокинони кишвар дар ҳифзи марзу буми диёр, таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар, сохта ба истифода додани иншоотҳои нави сарҳадӣ, баланд бардоштани шароити маишии хизматчиёни ҳарбӣ, муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои ҳамсоя, далериву ҷасорат, шуҷоъатмандонаи сарҳадбонони тоҷик дар ҳифзи сарҳади давлатӣ, дар бораи риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи сарҳади давлатӣ” ва дигар масъалаҳои рӯзмарра, суханронӣ карда шуд.

Қайд карда шуд, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз тамоми ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ махсусан дидбонгоҳои сарҳадии дар ҳудуди ноҳияи Шуғнон қарор дошта, бо биною иншоотҳои наву муосир барои афсарону сарбозон мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар охир муовини раиси ноҳия гуруҳи кориро бовар кунонд, ки сардорони идораву муассисаҳо, сокинони ноҳия ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзу гиромӣ доштани сарҳади давлатӣ, ҳимояи марзу буми Ватани азизамон фаъолона меистанд ва ҳамкориро бо сарҳадбонон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ хоҳанд монд.