Дар пайравӣ аз иқдомҳои хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси раиси ноҳияи Шуғнон ва соҳибкорони маҳаллӣ ба чанд нафар оилаҳои ниёзманд кумаки яквақта иборат аз маводи ғизоӣ расонида шуд.
Бояд зикр кард, ки аёдати маъюбон ва ашхоси имконияташон маҳдуд ва хабар гирифтани аз ҳолу аҳволи онҳо яке аз сиёсатҳои иҷтимоии Ҳумумати мамлакат буда, ҳама сола тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ба ин қишри ҷомеа ғамхорӣ ва кумакҳои моддӣ расонида мешавад.

















































































































































































































































































































































































































































































