24 сентябри соли ҷорӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иҷлосияи бистуми даъвати шашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шуғнон доир гардид. Дар кори он Раиси ноҳия мӯҳтарам Шоисматуллозода Комил мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи дастгоҳи раиси вилоят Чоршанбиев Ҳабиб, муовинони раис, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия мудирони шуъбаву бахшҳо ва сардорони муассисаву корхонаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.
Иҷлосия таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шуғнон Шоисматуллозода Комил сурат гирифт.
Пас аз интихоби котибот, ҳайати таҳрирӣ ва регламенти кори иҷлосия, вакилон рӯзномаи кори онро тасдиқ намуданд, ки ба он масъалаҳои зерин:

  1. Рафти иҷрои қарори раиси ноҳия аз 17.04.2024, №146 карори раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон аз 15 апрели соли 2024, №121 оиди ичрои карори Ҳукумати Чумхурии Точикистон аз 28 марти соли 2023 №125 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иктисодиёт ва ичтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои “2024-2025”;
  2. Ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Мачлиси вакилони халқи ноҳияи Шуғнон оид ба саноат, энергетика, сохтмон вакоммуникатсия вакил аз ҳавзаи интихоботии Бувед №7 Мирзобеков Пулод
  3. Ҳисоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии Манем №20, Ҷамоати деҳоти Сучон Мавлоназаров Амонбек “Дар бораи ичрои вазифаи хизматӣ ва вакилӣ”
  4. Дар бораи пешниҳоди Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халки ноҳия оид ба номгузорӣ, дигар кардани номи деҳа инчунин объектҳои физикию ҷуғрофӣ ва масъалаҳои сохти марзиву маъмурии мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон;
    -тасдик намудани қарорҳои раиси ноҳия, ки дар байни иҷлосияҳои нўнздаҳум ва бистуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум кабул гардидаанд, дохил шуданд.
    Тибқи рӯзномаи иҷлосия аз руи масъалаи якум мудири бахши иқтисод ва савдои ноҳия Бекназаров Илҳом баромад намуда, Рафти иҷрои қарори раиси ноҳия аз 17.04.2024, №146 карори раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон аз 15 апрели соли 2024, №121 оиди ичрои карори Ҳукумати Чумхурии Точикистон аз 30 марти соли 2023 №192 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иктисодиёт ва ичтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои “2024-2025”-ро ҳамаҷониба баррасӣ намуда, аз рӯи он қарори дахлдор қабул намуданд.
    Зикр карда шуд, ки қарори мазкур зери назорати доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон қарор дошта, барои таъмини саривақтии он чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
    Ҳамчунин, дар Иҷлосия ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба саноат, энергетика, сохтмон ва коммуникатсия шунида шуда мавриди баррасӣ карор гирифт. Дар доираи баррасии масъала аз тарафи роҳбарияти ноҳия ба масъулини соҳа супоришҳои мушаххас дода шуд.
    Тибқи рӯзномаи ҷаласа ҳамаи масъалаҳои дар боло зикргардида баррасӣ гарда аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор ба тасвиб расиданд.
    Бо ҳамин иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шуғнон, даъвати шашум кори худро анҷом дод.