Санаи 1 октябри соли равон дар маркази вилоят шаҳри Хоруғ маросими тантанавии гусели даъватшудагон баргузор гардид.
Корҳои тарғиботию ташвиқотии дар марҳилаи байнидаъватӣ баргузоршуда сабаби он шуданд, ки имрӯз ҷавонони зиёди ватандӯст аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел шаванд.
Яке аз муҳимтарин вазифаҳои давлат ин таъмини фазои орому осудаи Ватан ва амнияти ҷомеа маҳсуб шуда, вобаста ба он тарбия ва руҳану ҷисман омода намудани ҷавонони синни даъватӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз пеш аҳамияти муҳим пайдо менамояд.
Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Шуғнон дар асоси хулосаи комиссияи тиббӣ 54 нафар даъватшавандагон, ки 101 фоизи иҷрои дурнамои даъвати ҳарбиро ташкил медиҳад, пас аз муоинаи тиббӣ қобили хизмат дониста шуда, барои адои хизмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат сафарбар карда шуданд.
Ёдовар бояд шуд, ки чанд мавсими даъват аст, ки ҷавонони ватандӯсти ноҳияи Шуғнон ихтиёрона ба нуқтаи даъват барои адои хизмати ҳарбӣ ҳозир шуда, даъвати ҳарбӣ дар рӯзи аввал пурра иҷро мешавад.