Қабули шаҳрвандон, кор бо муроҷиати онҳо таҳти тавваҷӯҳи роҳбарияти ноҳияи Шуғнон қарор дошта, ҷиҳати ҳалли муроҷиати шаҳрвандон тадбирҳои мушаххас аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокиияти давлатии ноҳия андешида мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки санаи 28 сентябри соли равон аз ҷониби Раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон қабули навбатии шаҳрвандон баргузор гардид, ки ин васила ба андешидани тадбирҳои муассиру саривақтӣ ҷиҳати бартараф намудани масъалаҳои матраҳ гардидаи шаҳрвандон мусоидат менамояд.

















































































































































































































































































































































































































































































