5 октябри соли ҷорӣ раиси ноҳияи Шуғнон Шоисматуллозода Комил ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баррасии муроҷиатҳои саривақтии сокинон дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон қабули шаҳрвандонро баргузор намуд.

Роҳбарияти ноҳия зимни суҳбат бо сокинони деҳа қайд кард, ки илова бар рӯзи шанбе, ки рӯзи қабули шаҳрвандон аст, ҳаррӯза сокинони ҷамоатҳои деҳотро қабул намуда, барои ҳалли мушкилоти мавҷудаи деҳоти ноҳия тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.
Дар рафти қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси ноҳия масъалаҳои мухталиф, пешниҳод шуда, роҳбарияти ноҳия ба масъулини сохторҳои ноҳиявӣ барои баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои матраҳшуда супоришҳои мушаххас дод.