Омӯзгорони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори «Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»ва «Рўзи омўзгорон», ки онҳо ҳар сол чун бузургтарин идҳо дар тамоми гўшаю канори Тоҷикистони азизамон бо тантанаи хоса ҷашн гирифта мешаванд, самимона шодбошу муборакбод гуфта, ба Шумо саодату хонаободӣ ва ба Тоҷикистони азизам сулҳу салоҳ ва шукуфоӣ орзу менамоям.

       Забони тоҷикӣ– мероси бузурги ниёгони некноми мо бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ҳамчун риштаи пайванди насл ба насли миллат аз ҳазорсолаҳои дур то давлати соҳибистиқлоли тоҷикон омада расидааст ва решаҳои умри миллатамонро оби ҳаётбахш додааст.

Бинобар ин, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, ки ҳамчун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёти халқамон нақши барҷаста дорад, вазифаи инсониву виҷдонии ҳар як фарди бонангу номус ба ҳисоб меравад.

        Забони давлатӣ, дар ҳақиқат, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози миллати бостонии тоҷик мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мо забонро мисли Истиқлолият, Ватан, Модар ва фарҳанг аз ҷумлаи муқаддасоти миллии худ мешуморем ва онро азизу гиромӣ медорем.

Воқеан, ҳуввияти миллӣ, фарҳанг ва оину суннатҳои мардуми бостонии мо дар ҳама давру замонҳо тавассути забон ҳифз мегардад.

Забон, инчунин, воситаи муқтадири сарҷамъии миллат ва ҳамаи онҳоест, ки дар гўшаҳои гуногуни олам ҳастии ин сарвати бебаҳоро пос медоранд.

Таърих бисёр мисолҳоро медонад, ки дар баробари аз байн рафтани забон миллат низ аз байнмеравад. Яъне, бақои забон бақои миллат ва фанои забон фанои миллат аст.

Ёдгориҳои тамаддуни чандинҳазорсолаи ориёӣ маҳзба воситаи забони шево ва пурғановати тоҷики то замони мо расида, дастраси оламиён гардидаанд, ки ин ҳам боиси ифтихори ворисони ин тамаддуни қадима ва ҳам масъулияти бузурги онҳо дар назди гузашта ва имрўзу оянда мебошад.

Тоҷикон дар миёни халқу миллатҳои сершумори олам аз ҷумлаи мардумони соҳибтамаддуне мебошанд, ки забони чандинҳазорсоларо маҳфуз доштаанд, шеъри оламгири Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Саноӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва садҳо шоирону адибони гузаштаро имрўз низ озодона мефаҳманд ва дар гуфтугўйи ҳаррўзаашон истифода мекунанд.

Забони тоҷикӣ бо дарназардошти собиқаи тўлонии таърихӣ ва захираи бузурги луғавӣ ва дар мақоми забони давлатӣ дар асри ҷаҳонишавӣ низ метавонад иқтидори пешинаи худро ҳифз намояд.

Аз ин рў, ба муҳақиқони забоншинос, зиёиён ва умуман, ҳар шахсе, ки тақдири забон барояш азиз мебошад, зарураст, ки забони тоҷикиро ҳамчун забони дорои таърих ва осори беназир аз сели вожаҳои иқтибосӣ, ки имрўз тавассути технологияҳои навин ва молу маҳсулоти хориҷӣ ба тамоми забонҳо ворид шуда истодаанд, ҳифз намоянд ва дар поку беолоиш нигоҳ доштану ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани он саҳми ватандўстонаи худро гузоранд. Зеро ворид шудани вожаҳои иқтибосӣ боиси маҳдуд гардидани муҳиту майдони истифодаи калимаҳои худӣ, камранг шудани симои миллии забони давлатии мо ва коҳиш ёфтани фасоҳату балоғати он мегардад.

Дар ин раванд, зарураст, ки ба масъалаи сайқал додани фарҳанги муошират бо забони давлатӣ, аз ҳар гуна унсурҳои ғайри қобилиқабул поку бегазанд нигоҳ доштани он, инчунин, дар қалбу зеҳни наврасону ҷавонон бедор намудани ҳисси эҳтиром ба забони модарӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин ва доимии ҳар шахси соҳибватан мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки мардуми хирадманду фарҳангдўсти мо бахусус омўзгорон забони модарии хешро ҳамеша гиромӣ дошта, онро дар баробари дигар муқаддасоти миллӣ, хотираи таърихӣ ва нангу номус ҳифз мекунанд.

Омўзгорони азизи мо посдорандаи забонанду тавассути забони тоҷикӣ арвои гузаштагони моро шод менамоянд ва бахотири он, ки тифли мо бо забони давлатӣ ҳарф занад, дунёи вайро миллат бунёд менамояд. 

Аз ин лиҳоз, бо шарофати сиёсати маорифпарварона ва маънавиятасоси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тўли 33 соли Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти мактабу маориф ва низоми таълиму тарбия дар кишвар бо барор амалӣ карда мешавад. Дар Консепсияи эъмори ҷомеаи муосири тоҷикон, ки асосгузору раҳнамои он Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд, аз оғоз то имрўз масъалаи маориф ва таҷдиди низоми омўзишу парвариш, масъалаи тарбияи зеҳнӣ ва ахлоқии ҷавонон, баланд бардоштани мақоми омўзгор ва муаллим ба ҳайси омили муҳиме, ки заминаҳои пешрафти соҳаҳои асосии иқтисодию иҷтимоӣ ва умуман давлату миллатро таъмин месозад, аз аҳамияти хосе бархўрдор аст.  

     Дар солҳои баъди афзоиши пайвастаи маблағгузории соҳаи маориф заминаҳои рушди устувори мактаб ва низоми таълиму тарбияро ба вуҷуд овард. Ғайр аз ин, ҳамасола аз ҳисоби фонди захиравии Президенти ҷумҳурӣ ёриҳои башардўстона, грантҳо ва сарчашмаҳои дигар барои ислоҳоти соҳаи маориф ва дастгирии моддии кормандони соҳа маблағҳои зиёде сарф мегарданд. Ҳамасола барои таъмир, таҷҳиз ва таҷдиди сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар саросари ҷумҳурӣ аз тарафи давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сармоягузорӣ карда мешавад. 

     Дар иди касбӣ ба ҳамаи омўзгорони асил, ки бо меҳнати дилсўзонаю фидокорона ранҷ бурда, сазовориноми баланд, этирофи устоди касбаш дар миёни ҳамкорону аҳли ҷомеа гардидаанд, сипоси самимӣ изҳор менамоям. 

      Дар ҳама давру замонҳо омўзгорон, муаллимон бо чароғи маърифати хеш пурнур мегардонанд. Ҳамагуна маърифат ва рўзгори хушу солим аз рисолату масъулияти муаллим бармеояд. Роҳнамоии муаллим аст, ки мо дар ҷомеаи худшиносу ватандўст, огоҳ аз тамаддуни ҷаҳонӣ ба камол мерасем. 

        Бори дигар кули ҳамдиёрони азизамонро ба муносибати Рўзи забони давлатӣ ва Рузи Омўзгорон табрик гуфта, ба ҳар як хонадони мардуми тоҷик субботу оромӣ, ба кишвари азизамон пешрафти рузафзун ва ба забони давлати соҳибистиқлоламон умри ҷовидонӣ орзу менамоям.

 Саломату саодатёр бошед, ҳамдиёрони гиромӣ!