Санаи 8 октябри соли ҷорӣ корвони мошинҳое, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо бештар аз 1500 тонна ангишти истеҳсоли ватанӣ фиристода шуданд, ба ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон расиданд.
Ҷамоатҳои деҳоти ноҳия имконият пайдо намуданд, ки бо ангишти хушсифати ватанӣ бо нархи қариб якуним баробар аз бозор арзонтар сокинонро таъмин намоянд.
Бояд гуфт, ки сокинони ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар доираи иқдоми навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин шуда, бо ангишти хушсифати ватанӣ таъмин мегарданд.
Ҳадафи асосии ин тадбир дастрасӣ пайдо намудани сокинони ҷамоатҳои дурдасти н ноҳияҳои мамлакат ва муассисаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба ангишти арзону хушсифат ва истифодаи самарабахши он мебошад.
Сокинон дар навбати худ аз ин ғамхориҳои навбатии Президенти кишвар, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуданд.

















































































































































































































































































































































































































































































