Имрӯзҳо дар тамоми Ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузургдошти миллат 35 – солагии Истиқлолияти давлатӣ идома дорад, ки аз ҷараёни корҳои созандагӣ ва ободкорӣ бахшида ба ин санаи муҳими тақдирсоз Президенти кишвар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва дигар аъзоёни Ҳукумати Ҷумҳурӣ пайваста назорат менамоянд. Иқдомҳои пешгирифтаи Пешвои миллат, ки манфиатҳои тамоми мардуми моро дар шаҳрҳо ва деҳоти кишвар фаро гирифтааст, аз ҷониби мардуми шарифи кишвар ба хуби пазируфта шудааст. Сохтмонҳои биноҳои муосири ҳозира, дар ноҳия шаҳодати он аст, ки Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолият бо суръати баланд рушт ёфта истодааст. Ҳамзамон фароҳам омадани тинҷию оромӣ дар кишвари маҳбуб – ин орзуи ягонаи мардуми тоҷик буд. Мардуми кишвар боварии пурра дорад, ки то санаи Истиқлолият 30-солагии мамлакат боз сохтмони ҳазорҳо иншоотҳои дигар ба анҷонм расонида мешавад Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомали Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ дар ноҳияи Шуғнон як қатор иншоотҳои иқтисодиву иҷтимоӣ аз қабили корхонаҳои саноатӣ, хатҳои оби нушокӣ, майдонча ва толорҳои варзишӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, кӯдакистон ва осоишгоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.
Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомали Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ имрӯз бо иштироки Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳим Саидзода, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия муҳтарам Рустам Назарзода, Муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбиев ва раиси ноҳияи Шуғнон Шоисматуллозода Комил толори варзишии назди МТМУ № 8 воқеъ дар деҳаи Бунии Ҷамоати деҳоти М. Ширинҷонови ноҳияи Шуғнон, ки аз таъмини капитали бароварда шуд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Қобили қайд аст, ки маҳз тавваҷӯҳ ва дастгириҳои доимии Ҳукумати мамлакат, алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди оммавияти варзиш дар тамоми сатҳи кишвар барои сокинони маҳал, ҷиҳати таҳкими тарзи ҳаёти солим имконпазир гардид.
Сомонаҳои муфид
Previous
Next

















































































































































































































































































































































































































































































