Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ дар деҳаи Хосаи Ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон майдончаи замонавии варзишӣ ба истифода дода шуд.
Дар ифтитоҳи расмии майдончаи варзишии замонавӣ Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия муҳтарам Рустам Назарзода, Муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сураҷ Чоршанбиев ва раиси ноҳияи Шуғнон Шоисматуллозода Комил иштирок намуда, ба фаъолияти майдонча оғози расмӣ бахшиданд. Дар шароити имрӯзаи рушди давлатдорӣ, соҳаи тарбияи ҷисмони ва варзиш машѓулияти асосии сокинон, бахусус наврасону ҷавонон гардида, бо мақсади боз ҳам рушд ёфтани варзиш иншооти гуногуни варзишӣ бунёд ва азнавсозӣ гардида истодааст.
Ёдовар мешавем, ки майдончаи варзишии мазкур аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати дар ҳамкори бо шарикони рушд бо тарҳи муосир сохта шуда, барои варзишгарон барои тамринҳо хеле қулай мебошад.
Гуфта мешавад, ки майдончаи варзишӣ дар масоҳати 800 метри мураббаъ бо шароити замонавӣ сохта шудааст.
Сомонаҳои муфид
Previous
Next

















































































































































































































































































































































































































































































