Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали Истиқлолият то ин ҷониб дар рушди соҳаи варзиш тадбирҳои мақсадноку пайваста баҳри машѓул шудани наврасону ҷавонон ва дусторони варзиш беҳтарин иншоотҳои соҳаи варзиш сохта ба истифода дода шуданд. Бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва омода кардани варзишгарони касбӣ дар ноҳия мактабҳои варзишӣ фаъолият менамояд.
Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомали Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ имрӯз бо иштироки Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳим Саидзода, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия муҳтарам Рустам Назарзода, Муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сураҷ Чоршанбиев ва раиси ноҳияи Шуғнон Шоисматуллозода Комил бинои нави замонавии толори варзишии назди МТМУ №14 воқеъ дар деҳаи Пашори Ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ин яке аз самтҳои афзалятноки сиёсати давлатии ҷавонон дар соҳаи варзиш ба шумор меравад.
Бояд зикр кард, ки толор масоҳати 504 метри мурабаъро дар бар гирифта барои варзишгарон дар фасли сармо шароити бисёр хубро фароҳам овардааст, ки барои солимгардонии миллат, рушди варзиш барои обутоби ҷисмонии наврасону ҷавонон нақши ибратбахш мебозад.