Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ дар ноҳияи Шуғнон корхонаи истеҳсоли хиштҳои сементии – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Субҳия”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи коркарди корхонаи истеҳсоли хиштҳои сементии дар ноҳияи Шуғнон дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Роҳбари давлат ба истиқболи ҷашни шоистаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Алимамадов Собир бунёд гардида буд бо иштироки котиби Шӯрои амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шералӣ Кабир, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия муҳтарам Рустам Назарзода, Раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил ва дигар намояндагон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Коргоҳ дорои таҳҷизот ва технологияи нави истеҳсоли буда, сохтмони он соли 2023 оғоз гардида буд. Барои бунёди иншоот зиёда аз 11 нафар сохтмончии маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардида, корҳои сохтмонӣ дар сатҳи баланд ва бо риояи меъёрҳои меъморӣ бунёд карда шуда, зиёда аз 8 нафар сокинони маҳалиро бо ҷои кори доими таъмин хоҳад кард.
Соҳибкори маҳаллӣ барои дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайваста бобати равнақи бештари соҳибкории истеҳсолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипосу миннатдорӣ баён кард.