.
Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ дар деҳаи Танги Ҷамоати деҳоти Сучон бо иштироки Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳим Саидзода, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия муҳтарам Рустам Назарзода ва Раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил ба муассисаи томактабӣ ифтитоҳ бахшиданд.
Бинои нав аз 1 ошёна иборат буда, дорои ҳуҷраҳои корӣ, машғулиятгузаронию истироҳатӣ мебошад ва барои таълиму тарбияи 35 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст.
Бинои муассисаи томактабӣ барои тарбияи кӯдакон дар 1 баст пешбинӣ гардида, аз синфхонаи машғулият, ҳуҷраҳои хобу истироҳат, дастшӯӣ, ошхона, толорҳои мусиқӣ, ва варзиш иборат буда, дорои системаи худии гармидиҳӣ бо деги буғӣ мебошад. Ин имкон медиҳад, ки дар давраи зимистон низ раванди таълиму тарбия дар сатҳи зарурӣ бо истифода аз шароити мусоиди фароҳамгардида ба роҳ монда шавад.
Муассиса мутобиқ ба талабот ва меъёрҳои соҳа бунёд ёфта, бо навтарин аёниятҳои таълимӣ, мизу курсиҳо, телевизор ва дигар воситаҳои омӯзишию фароғатӣ таъмин мебошад.
Таълиму тарбия дар кӯдакистон бо ҷалби мутахассисони соҳибкасб бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда мешавад. Дар рафти таълим усули фаъоли ҳамгиро васеъ истифода мегардад.
Қайд кардан ба маврид аст ки меҳмонон бо тарбиятгирандагони ин муассиса суҳбати самимӣ ороста, тӯҳфаҳои аз номи Президенти мамлакат Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба онҳо супориданд.