Моҳи октябри соли равон дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомали Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ имрӯз бо иштироки Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия муҳтарам Рустам Назарзода, Раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил Корхонаи истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонӣ воқеъ дар деҳаи Боғеви Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Мавриди зикр аст, ки корхонаи мазкур дар заминаи корхонаи ғалла бунёд ёфта, барои ба фуруш баровардани маҳсулоти ниҳоии нонӣ дар ҳудуди ноҳия дар назар дошта шудааст. Дар навбати худ кормандон ва масъулини коргоҳ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҳамешагӣ ва фароҳамсозии шароити созгори кору фаъолият изҳори миннатдорӣ намуда, уҳдадор шуданд, ки минбаъд низ дар амалишавии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишвар дар самти рушди соҳаи саноат саҳми муносиби худро хоҳанд гузошт.