Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар деҳаи Риваки Ҷамоати деҳоти Навобод бо иштироки Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия муҳтарам Рустам Назарзода, Раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил ва дигар намояндагон хати оби нӯшокии деҳаи Риваки ҷамоати деҳоти Навободро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Оби нӯшокӣ дар ин мавзеъ тариқи хати обгузар дар масофаи 15000 метр гузаронида шуда, аз он зиёда аз 178 хоҷагии деҳа ҳамчунин муассисаи таълимӣ бунгоҳи тиббӣ ва муассисаи обуҳавосанҷии деҳа низ истифода хоҳанд бурд. Дар партави дастгирӣ ва ташаббусҳои наҷибу созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини аҳолии деҳот бо оби тозаи ошомиданӣ мушкилоти мавҷудаи сокинони деҳаҳои дурдаст бартараф карда шуда, акнун сокинон бо оби аз ҷиҳати экологӣ тоза истифода хоҳанд бурд. Қайд кардан ба маврид аст, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур охири соли 2023 оғоз гардида, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд сари вақт дар муҳлати муайяншуда анҷом ёфт.Давоми солҳои охир дар заминаи таваҷҷуҳи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати мамлакат, татбиқи барномаҳои нави соҳавӣ ба деҳаи дурдасти ноҳияи Шуғнон хати оби тозаи ошомиданӣ гузаронида шуда, аз рӯи нақша корҳои лоиҳакашии таъмини хати оби нӯшокӣ дар дигар деҳаҳои ноҳияи Шуғнон идома доранд.
Сомонаҳои муфид
Previous
Next

















































































































































































































































































































































































































































































