. Бунгоҳҳои тиббии мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар самти фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ бунёд карда шудааст.Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомали Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ имрӯз бо иштироки Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия муҳтарам Рустам Назарзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил биноҳҳои нави замонавии бунгоҳҳоии тиббии деҳаи Шитами Ҷамоати деҳоти Вер ва деҳаи Чашмасори Ҷамоати деҳоти Ванқалъа ноҳияи Шуғнон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.— Аснои ба истифода додани бунгоҳи тиббӣ меҳмонон сокинони деҳаҳои мазкурро ба бунёди чунин муассисаҳои тандурустии хуштарҳу замонавӣ табрик ва муборакбод намуда, иброз доштанд, ки маҳз ба хотири таъмини солимии шаҳрвандон чунин иншооти замонавӣ сохта ба истифода дода шудааст. Гуфта мешавад, ки бунгоҳи тиббӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнонм сохта шуда аз 2 ҳуҷраи корӣ иборат буда, он ҳамзамон бо таҷҳизот ва лавозимоти зарурӣ таъмин карда шудааст.Тавре зикр мегардад, давоми соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳияи Шуғнон 5 муассисаи тандурустӣ сохта ба истифода дода шуда, инчунин 4 муассисаи дигар аз таъмири ҷорӣ бароварда шудааст.