Моҳи октябри соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги ноҳия бахшида ба “Рӯзи омӯзгорон” ҷамъомади тантанавӣ бо барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид.
Пеш аз оғози чорабинӣ меҳмонон аз дастовардҳои соҳаи маорифи ноҳия ва намоиши асарҳои пурғановати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар асарҳои марбут ба кору фаъолияти ин абармарди тоҷикро дидан карданд ва бо иштирокдорони намоиш сӯҳбати судманд оростанд.
Сипас бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ оғоз гардид.
Раиси ноҳияи муҳтарам Шоисматуллозода Комил тамоми омӯзгорон, собиқадорони соҳаи маориф, мардуми шарифи ноҳияи Шуғнон ва ҳамватанони азизро ба муносибати “Рӯзи омӯзгорон” табрику таҳният гуфт. Ҳамзамон, дар ҷамъомади тантанавӣ бархе аз устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия, собиқадорони соҳаи маориф барои саҳм гузоштан дар таълиму тарбияи насли наврас ва рушди соҳаи маориф дар ноҳия бо Ифтихорномаи Раиси ноҳияи Шуғнон ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Таҷлили “Рӯзи омӯзгорон” бо барномаи ҷолибу рангини консертии ҳайати эҷодии кормандони фарҳанги ноҳия, ки дар сатҳи хуб иҷро шуда буд, ҷамъбаст гардид.