Дар асоси Нақша чорабиниҳои асосии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2024 ва фармоиши Сардори мудофиаи граждании ВМКБ, №2 аз аз 5- сентябри соли 2024 бо мақсади санҷиши мукаммали ҳолати омодагии мудофиаи граждани ва санҷида баромадани донишу малакаи роҳбарикунандаи мудофиаи граждании ноҳияи Шуғнон санаи 22.10.2024 ҷаласаи кори бо иштироки раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил ва намояндагони кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир гардид.
Дар ҷаласа қайд гардид, ки рузҳой 22 то 24-уми октябри соли 2024 санҷиши ҳолати омодагии мудофиаи гражданӣ ва машқи фармондеҳи ситодии мудофиаи граждани дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи граждании ноҳия ҳангоми эълон намудани дараҷаҳои омодагии мудофиаи гражданӣ» гузаронида мешавад.
Ба санҷиш ва машқи фармондеҳи-ситоди мудофиаи граждани

  • ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи граждании ноҳияи Шуғнон; сардорони мудофиаи граждании ҳамаи зинаҳои ноҳияи Шуғнон;
  • шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ВМКБ дар ноҳияи Шуғнон;
  • комиссияҳои МИМХД-и ноҳияи Шуғнон оид ба ҳолатҳои фавқулодда, устуворгардони ва эвакуатсионӣ; -хадамотҳои мудофиаи граждании ноҳияи Шуғнон ҷалб карда шаванд.
    Дар рафти ҷаласа сардорони мудофиаи граждании хадамотҳои мудофиаи гражданӣ, ҷамоатҳои деҳот ва раисони комиссияҳои мудофиаи граждании ноҳия вазифадор карда шуданд, ки дар рӯзҳои баргузории чорабинии мазкур ҳаматарафа омодагӣ дида, ҳамаи ҳуҷҷатгузорири дар самти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ба тартиб дараварда, қонуну қарорҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии самти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданиро тибқи талабот ба иҷро расонида, дар рафти гузаронидани санҷиш ва машқи фармондеҳи ситодии мудофиаи гражданӣ ба кори ситоди роҳбарикунандаи машқ ҳамаҷониба мусоидат намоянд.