Дар асоси Қарори Раиси ВМКБ №367 аз 5 декабри соли 2023 “Дар бораи тасдики Нақшаи чорабиниҳои асосии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи окибатҳои ҳолатхои фавқулодда, барои соли 2024″ва фармоиши Раис-Сардори мудофиаи граждании ВМКБ №2 аз 5 сентябри соли 2024, давоми рӯзҳои аз 22 то 25 октябри соли ҷорӣ дар ноҳияи Шуғнон санҷиши ҳолати омодагии мудофиаи гражданӣ ва машки фармондеҳи ситодӣ бо хайати роҳбарикунанда, комиссияҳо ва кувваю воситаҳои хадамотҳои мудофиаи граждании ноҳия гузаронида шуд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур ин баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти комиссияҳо, хадамотҳои мудофиаи гражданӣ, қувваю воситаҳои зернизомҳои ҳудудӣ ва зинавии Низоми ягона оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои фавқулоддаи ноҳияи Шуғнон ба ҳисоб рафта, муташаккилона ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани корҳои наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазир пеш аз ба вуқӯъ омадани ҳолатҳои фавқулодда мебошад.
Дар рафти гузаронидани чорабиниҳои эвакуатсионӣ дар минтақаи бехавф дар он нуқтаҳои қабули эвакуатсионӣ, безараргардонӣ, тиббӣ инчунин техникаву воситаҳои наҷотдиҳӣ ҷой дода шуданд.
Дар маросими ҷамъбасти машқҳои амалӣ, ки санаи 25 октябри соли равон доир гардид, Сардори мудофиаи граждании ноҳияи Шоисматуллозода Комил ва дигар намояндагон иштирок ва суханронӣ намуда, ҳамзамон бархе аз масъулини зернизомҳои ҳудудӣ ҷиҳати иштироки фаъолона дар машқҳои мукаммал аз ҷониби раиси ноҳияи Шуғнон бо сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.