Санаи 25 октябри соли равон тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохурии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Икромӣ Фазлиддин, Гиёзода Азиз Қодир ва муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Абдулназарзода Абдулназар бо фаъолон ва сокинони касбу кори гуногуни ноҳияи Шуғнон баргузор карда шуд.Раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил меҳмони олиқадрро ба ноҳия хуш латофати Шуғнон хайру мақдам намуданд.Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки маҳз бо заҳмату талошҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамон истиқлолияти комилро ба даст оварда, дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳми арзандаи худро гузоштааст, ки ин ба сатҳу сифати зиндагии сокинони кишвар шароити мусоид фароҳам овардааст.Ҳамзамон, ёдовар шуданд, ки насли ҷавон бояд сиёсати инсонпарварона ва хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳама тарафа мавриди амал қарор дода, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иғвоангез шомил нашуда, дар соҳибистиқлолии аатани азизамон саҳмгузор бошанд.Дар фарҷоми вохурӣ байни вакилони Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру андешаҳо сурат гирифт.