Чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар саросари кишвар бо шукӯҳ ва аҳамияти баланд таҷлил мегардад. Ин чорабинӣ, ки ба рӯзи қабули Конститутсия – 6 ноябр бахшида шудааст, як ҷашни муҳими миллӣ мебошад, ки арзишҳои асосии давлатдории Тоҷикистонро ёдовар мешавад ва аҳамияти ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро таъкид мекунад.Бахшида ба ин санаи муҳим дар қасри фарҳанги ноҳияи Шуғнон як қатор барномаҳои гуногун ва чорабиниҳои махсус бо иштироки раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил баргузор гардид.Маросими ифтитоҳӣ бо суханрониҳои расмии роҳбарияти ноҳия оғоз гардида, дар бораи нақш ва аҳамияти Конститутсия дар рушди давлати ҳуқуқбунёд сухан гуфта, аҳамияти риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро гуфта шуд.Ҳамзамон дар ҷамъомади тантанавӣ бархе аз фаъолони ноҳия барои хизмати шоиста, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, ноил шудан ба дастовардҳои назаррас дар ҷараёни фаъолияти пурсамари хизматӣ ба муносибати 30-юмин солгарди “Рӯзи Конститутсия” бо ифтихорномаи раиси ноҳия қадрдони гардиданд.Таҷлили “Рӯзи Конститутсия” бо барномаи ҷолиби фарҳангии айҳати эҷодии кормандони фарҳанги ноҳия ҷамъбаст гардид.