05 ноябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шуғнон бахшида ба Рӯзи милитсия чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ, роҳбарият ва ҳайати шахсии шуъба иштирок намуданд.
Ҳамзамон, дар чорабинӣ муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон подполковники милиса Каримзода Абдулназар Хуҷаназар раиси ноҳияи Шуғнон Шоисматуллозода Комил иштирок ва суханронӣ намуда, ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик кулли кормандон ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилии ноҳияро самимона табрик гуфтанд ва аз нақш ва мақоми шоистаи ин мақомоти бонуфуз ҳарф заданд.
Дар чорабинӣ сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Шодизода Ҷамшед Шодӣ низ суханронӣ намуда, айҳати шахсӣ ва собиқадорони соҳаро ба иди касбиашон табрику таҳният намуд.
Дар вазъияти тантанавӣ ба раиси ноҳияи Шуғнон аз номи Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сипоснома ва ба як қатор кормандони шуъба ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ барои хизматҳои софдилонаю содиқона, зоҳир намудани малакаи баланди касбӣ дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, волоияти қонун ва пешгирию ошкор намудани ҷинояткорӣ, инчунин бахшида ба Рӯзи милитсия Ифтихораномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравии раиси ноҳияи Шуғнон тақдим карда шуд.