Ҳамдиёрони арҷманд!16 ноябр дар саросари Ватани азизи мо Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ин рўзи муққадас барои мо хеле азизу гироми буда бо камоли эҳтиром тамоми хурду бузурги мардуми сарбаланду саодатёри ноҳияи Шуғнонро ба муносибати рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта барояшон сиҳативу саломати, сарбаландию сарфарози, фазои тинҷу ором ва рузгори ободу осударо таманно менамоям. Мақсад аз Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардани 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ин рўзи таќдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи Тоҷикистон марҳилаи нави давлаторӣ, яъне тибќи Констутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Товикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тоза интихобгардида, дар иҷрои вазифаи худ шуруъ намудааст. Ин рўзи таърихӣ чун тавассумгари орзуи неки мардум, кафили сулҳу оромӣ, меҳру муҳаббат, адолату шавќат ва ҳамдилии ҷомеа мебошад. . Пас аз талошҳои љонфидоёна, сафарњои пурхатар ва гуфтугуҳои созанда, ба гуруҳҳои мухолифин, ба ин абармарди сиёсат, шувоъ ва хирадманд Пешвои муаззами миллат муяссар гардид, ки ба ивази гарави ҷони худ ваҳдату сулҳро дар Ватани азизамон барќарор намуданд. Имрўз мо шукрона мекунем, ки кишвари мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби обрўи бесобиќа гашта, таҷрибаи сулҳи тоҷикон сарлавҳаи дастуру китобҳои сиёсатшиносӣ гаштааст.Боиси ифтихор аст, ки Пешвои муаззами миллат имрўзњо ба њайси яке аз чењрањои муътабари сиёсати љањонї эътироф шудаву дар дохилу хориљи кишвар эњтироми хоса дорад. Эътирофи Асосгузори сулњу вањдати миллї- Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон њамчун сарвари сиёсии муваффаќ ва пуртаљриба ифтихори тољикони љањон аст. Бояд гуфт, ки Пешвои миллат пайвандгарди дўстї, байни халќњо мебошад. Давлати мо тањти роњбарии фарзона фарзанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалї Рањмон бо назардошти пешбурди сиёсати нек, риштањои анъанавии дўстї, муштаракоти таърихиву фарњангї, эътимоди њамдигарї ва дарки умумияти њалли масъалањои мубрами љањонї аз рўзњои нахусти Истиќлолияти давлатї муносибатњоро бо кишварњои њамсоя пеш бурда истодааст. Бояд ќайд намуд, ки Сарвари давлатамон Пешвои муаззами миллат дар њалли масъалањои мураккаб наќши муњим дошта, барои сулњу субот ва рушди инкишофи минтаќа ва љањон сањми арзанда мегузорад. Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳуввият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст. Дар дунёи пуртазоди муосир танҳо миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад. Тоҷикистони сулҳмеҳвар таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, соҳибихтиёр, дунявӣ ва ягона муаррифӣ шуда, рӯз то рӯз нуфузу эътибори байналмилалии Ватани азизамон меафзояд. Баъди ба даст овардани Истиқлолият миллати тоҷик бо роҳбарии Президенти ватанпарвар ва дурандеши кишвар тамоми талошҳоро ба хотири нигоҳ доштани якпорчагии давлат ва ваҳдати миллат ба харҷ дод. Нишонаи суботи имрӯзаи Тоҷикистон ин Паёми ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ мебошад. Дар ҳар Паём Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Воқеан ҳам Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ ва сарнавиштсози мамлакат баҳисоб рафта, барои фароҳам овардани рушди устувор дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҳукумати кишвар нақши калидӣ хоҳад гузошт. Дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ватани азизамон рушд карда, давлатдории муосири тоҷикон, мақоми Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ боло рафт. Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ, нишонаи возеҳи ҳастии миллат мебошад ва халқи тоҷик ҳамасола ин ҷашни муқаддаси миллию давлатиро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегирад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ мақому манзалати Тоҷикистони соҳибихтиёр ва халқи соҳибфазилати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ шоистатар гардида, халқи ҷаҳон аз иқдому ташаббусҳои сулҳҷӯёнаву башардӯстонаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ менамояд. Сокинони бонангу номуси ноҳияи Шуғнон сиёсати пайгиронаи Пешвои муаззами миллатро дастгирӣ намуда, талош бар он намуданд, ки сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо дастовардҳои беназир пешвоз гирифтанд. Дар фарҷом гуфтаниям:Эй чеҳраи пурзиёи миллат, хуш бош,Шоистатарин бақои миллат хуш бош.Дар роҳи мурод бо шумоем, Шумо,Эй роҳбари раҳкушои миллат хуш бош.Бори дигар ҳамаи Шумо ҳамдиёрони арҷмандро шахсан аз номи худам ва аз номи МИҲД-и ноҳияи Шугнон табрику таҳният гуфта ба Пешвои муаззами миллат саломатии бардавом ва сиҳатии комил таманно менамоям. Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз.