16 ноябри соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги ноҳия бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бо барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид.Пеш аз оғози чорабинӣ меҳмонон намоиши асарҳои пурғановати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар асарҳои марбут ба кору фаъолияти ин абармарди тоҷик дидан карданд. Баъди ботантана садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ оғоз гардид.Раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил суханронӣ намуда, аҳли толор, мардуми шарифи ноҳия ва тамоми ҳамватанони азизро ба муносибати “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” табрику таҳният намуд.Зикр карда шуд, ки муҳимияти таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки мо бояд фаъолияти пурсамару ибратбахши Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадр намоем, зеро маҳз ба шарофати сиёсати муваффақонаву боровар, талошҳои пайваста дар роҳи ободиву осоиши Ватан, азму ҷасорати қавӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати бостонии тоҷик ва ташаббусҳои созандаву некбинонаи ӯ ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бо нигоҳи боэътимод ва хайрхоҳона назар дорад.Ҳамзамон, дар ҷамъомади тантанавӣ бархе аз фаъолони ноҳия ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо Ифтихорномаи Раиси ноҳияи Шуғнон сарфароз гардонида шуданд.Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаи ҷолибу рангини консертии ҳайати эҷодии кормандони фарҳанги ноҳия, ки дар сатҳи баланд иҷро шуда буд, ҷамъбаст гардид.
Сомонаҳои муфид
Previous
Next

















































































































































































































































































































































































































































































