Санаи 19 ноябри соли ҷорӣ раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил зимни сафари корӣ дар ҷамоати деҳоти Навобод аз муассисаҳои таълимии дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Навобод қарордошта ва литсейи касбӣ техникӣ дидан намуда, аз вази муассисаҳои таълимӣ, сифати хониш, омодагии муассисаҳо ба фасли сармо ва зимистонгузаронӣ шиносоӣ пайдо намуданд.
Зимни боздид раиси ноҳия , бо устодон ва толибилмон сӯҳбати озоду самимӣ доир намуда қайд дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар ба таълиму тарбияи насли наврас диққати махсус равона менамояд.
Баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз қабили “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон- ватани азизи ман”, “Илм- фуруғи маърифат”, ва ҷорӣ намудани Квотаи Президентӣ далели ин гуфтаҳост.
Директорон ва омузгорони мактаб барои бе камбудӣ паси сар намудани фасли сармо, таълиму тарбияи насли наврас бо технологияи муосир, тозагии гирду атрофи муассисаҳои таълимӣ супоришҳои мушаххас гирифтанд.

















































































































































































































































































































































































































































































