19 ноябри соли ҷорӣ зимни сафари корӣ дар ҷамоати деҳоти Навобод раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил ба аёдати сокини деҳаи Ривак Лангаршоев Худоёр рафта барои таъмири хонаи истиқомати ба маблағи 6000 сомонӣ кумаки молиявӣ расонид, инчунин ба хонаи сокинони деҳаи Сижд Мараматшоев Амиршо ва Мусоева Бибинисо сокини деҳаи Саидхомушиён Муқаиршоев Амонулло ва сокини деҳаи Навобод Эроншоева Омина ҷамоати деҳоти Навобод рафта, аз ҳолу аҳволи онҳо хабар гирифт ва ба онҳо кумаки яквақтаи моддӣ расонид.

Бояд қайд кард, ки раҳму шафқат ва кӯмаку ғамхорӣ нисбати табақаҳои ниёзманди ҷомеа аз ҷумлаи амалҳое мебошанд, ки риояву иҷрои онҳо қобили таҳсин ва аъмоли хайру савоб шуморида мешавад.

Ҷиҳати дастгирии ҳамаҷониба маъюбону барҷомондагон миннатдории хешро ба Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати мамлакат баён намуданд ва дуои онро доштанд, ки кишвари азизу маҳбубамон ҳамеша орому осуда бошад.