Имрӯз иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шуғнон баъди дидан намудан аз муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои тандурустӣ бо сокинони деҳаҳои Сижд, Мун, Ривак, Доғз ва Кулеви Ҷамоати деҳоти Навобод сӯҳбату вохӯрӣ доир намуданд.
Зимни сӯҳбату вохӯриҳо роҳбарияти ноҳия доир ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволи сокинон, вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ, рушди сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, таваҷҷӯҳ ба забономӯзӣ, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ташкил намудани корхонаҳои саноатӣ, худории ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иғвоангез, ҷалби ҷавонон ба таълим ва варзиш, тозагии гирду атроф ва дигар масъалаҳои муҳим суханронӣ намуданд.
Баъди суханронии раиси ноҳияи Шуғнон сокинон саволу пешниҳодҳои худро баён намуданд, ки аз тарафи роҳбарияти ноҳия посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

















































































































































































































































































































































































































































































