Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Парчами миллӣ, ҳамчун бахту саодат, сарсабзиву хуррамӣ, мақсаду ҳадафҳои созандаи миллати сарбаланду тамаддунофари тоҷикро дар баландтарин минбару қасрҳои минтақавию байналмилалӣ ҷилвагар менамояд, ки ин боиси ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ аст.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи нек ва лоиқи эҳтироми ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон гардидааст. Парчами давлати соҳибистиқлоламон барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ нақши хеле бузург дошта, далели давлати соҳибихтиёри тоҷикон аст, зеро парчами давлатӣ нишони ҳар давлат ба шумор меравад ва хушбахтона имрӯз кулли мардуми Тоҷикистон ба ин рукни муҳими давлатдорӣ эҳтироми хоса доранд.
Парчам ва парчамдорӣ дар таърихи давлатдории халқи тоҷик таърихи дерина дошта, дар маъхазҳои таърихӣ ҳодисаҳое, дарҷ гардидаанд, ки ин суннат асоси ҳастӣ ва пешбурди давлатдории гузаштагони мо ташкил дода, намунаи олии он Дирафши Ковиёнӣ ба ҳисоб меравад.
Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, то ин ҷониб 24 ноябр ҳамчун Рӯзи парчами миллӣ аз ҷониби мардуми сарбаланди кишвар бо шукӯҳву шаҳомат таҷлил мегардад. Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони эҳтироми хосаи мардуми тоҷик нисбати ин рукни асосии давлати биҳиштосоямон мебошад.
Муҳаббат ва эҳтироми парчами давлатии мо бояд дар қалби ҳар фарди бедордил маъво дошта бошад, ӯро ба ҳуввияти миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ талқин намояд.
Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон симои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, мо бояд бо ин парчами миллӣ ифтихор намоем ва ба он арҷ гузорем.
Бигзор, парчами кишвари маҳбубамон доимо дар фазои ороми кишвари соҳибистиқлоламон парафшонӣ намояд.
Парчами мо худ сари болои миллат гаштааст,
Қудрати озодагонро авҷи ҳиммат гаштааст.
Асламшоева Маҳфуза Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор
бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Шуғнон


















































































































































































































































































































































































































































































