Чист парчам? Ифтихори миллат аст,

Чист парчам? Иқтидори миллат аст.

Ҷуз парчам нест тоҷикро нишон,

Чист парчам? Эҳтироми миллат аст.

Дар арафаи 20-уми солгарди Истиқлолият давлатии Тоҷикистон баландтарин бурҷи парчам дар ҷаҳон дар маркази пойтахти мо шаҳри Душанбе дар канори чапи Қасри миллат ифтитоҳ гардид.

Парчами Тоҷикистон бо сутуни дорои баландии 165 метр ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид шуд. Дарозии матои ин парчам 60 ва бари он 30 метр аст.

Парлумони Тоҷикистон ҳануз соли 2009 санадеро ба имзо расонида буд, ки тибқи он ҳар сол 24-уми ноябр Рузи парчами миллӣ таҷлил мегардад. Парчами миллии Тоҷикистон рамзи давлатдории мо дар ҷаҳон аст.

24 ноябри соли 1992 дар Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. 22 ноябри соли 1994 дар бораи даровардани илова ба Низомномаи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шурои Олӣ қабул кард.

Парчами Тоҷикистон аз матои росткунҷаи нафису зебои серангаи Сарх, Сафед ва Сабз таркиб ёфтааст, ки ҳар ранг маънои мушаххасро ифода менамояд.

Ранги сурхи Парчам – нишон аз муборизаҳои халқи тоҷик аз замонҳои қадим ба муқобили аҷнабиён барои ҳастии худ, муҳофизати маданияташ, анъанаҳои миллиашро фаромӯш накарданаш дарак медиҳад.

Ранги сафеди Парчам- ин рамзи ростию покист. Ниёгони мо одамонро ба покизагии виҷдон, адлу инсоф ҳидоят мекарданд.

Ранги сабзи Парчам- ранги баҳору деҳқонӣ мебошад. Инчунин ранги сабз нишона ва ранги биҳишт дониста мешавад.

Рӯйи ман чу рӯйи ту сурх,

Бахти ман чун ту сафед асир.

Умри ман мисли ту сарсабз,

Ҷонам аз ту пурумед аст.

Мутахассиси бахши кор бо занон ва оила дар ноҳияи Шуғнон Яздонқулова Шукуф