Парчами Тоҷикистон танҳо як рамзи давлатӣ нест, балки аломати ифтихори ҳар як шаҳрванди мамлакати биҳиштосои мо Тоҷикистон мебошад. Ҳар як қисми парчам – рангҳо ва нишонаҳои он – таърихи пурғановат, суннатҳо ва арзишҳои миллати моро байни дигар давлатҳо ифода мекунанд. Тоҷ ҳамчун нишони соҳибихтиёрӣ ва ҳафт ситора ҳамчун рамзи саодат ва шукуфоии миллат ифтихори миллӣ ва ваҳдатро дар байни мардум муаррифӣ месозад. Парчам, мардуми Тоҷикистонро имконият медиҳад, ки бо гузаштаи худ пайванданд ва бо ифтихор ба оянда назар кунанд. Парчами милли Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи бой ва пурғановат дошта, он дар намояндагиҳои дипломатӣ, биноҳои давлатӣ ва чорабиниҳои байналмилалӣ барафрохта мешавад. Инчунин, парчам дар мусобиқаҳои варзишӣ, конференсияҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ баёнгари ифтихор ва ҳувияти миллии тоҷикон аст. Парчам ҳамчунин ҳамчун рамзи сулҳ ва дӯстии тоҷикон дар муносибат бо дигар давлатҳо қабул гардида, ифтихор ва якдилии миллатро таъкид мекунад. Ҳар сол 24 ноябр Рӯзи парчами миллӣ ҷашн гирифта мешавад, ки мардуми кишвар онро бо эҳтиром ва фахр таҷлил мекунанд. Дар ин рӯз дар саросари кишвар маъракаҳо, намоишҳо ва чорабиниҳои зиёде доир мегарданд, ки бо парчами миллӣ алоқаманданд. Ин ҷашн барои таҳкими худшиносӣ ва ифтихор аз давлатдории мустақил нақши калидӣ мебозад.

Мавриди зикр аст, ки имрузҳо дар тамоми кишвари азизамон, дар ҳар як ноҳия, ҳар як ҷамоати деҳоти ноҳия парчамҳо барафрохта шуда, гирду атрофи онҳо боғҳои замонавӣ барои гаштугузори чи саёҳон ва чи сокинони диёр сохта ба истифода дода шуданд. Хушбахтона дар маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон шаҳраки Ваҳдат низ парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарозии 33 метр барафрохта шуда, атрофи онро боғи фароғати ташкил медиҳад, ки маркази дилхушии сокинон гашта истодааст.

Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва дигар ақсҳои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати ҷавону тозаистиқлоле дар дили Осиё бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда мерасонад.

Орзуманди онем, ки ба бахти мо мурғи саодати миллати маҳбуб доимо болафшон ва Парчами давлатии Тоҷикистони азиз ҳамеша парафшон бошад.

Аз фурсати муносиб истифода бурда кулли сокинони диёри азизамон Шунонзамин ва Кишвари маҳбуб Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни пурифтихор Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям.

Бигзор Парчами Тоҷикистон болои сари миллату давлати тоҷикон, ҳамчун мояи ифтихору сарсабзӣ ҷилвагар бошад!

Мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ноҳияи Шуғнон Раҳматулло Собиров