«Байрақ», «алам», «роят», «ливо», «парчам» ва «дурафш» ин шаш вожа ба ҳамдигар муродифанд. Ба ҳар вожа нигарем, берун аз маънои дурахшидану машҳур шудану дидан нест. Бояд гуфт, ки лашкар ҳангоми набард чашм доим тарафи парчами афрошта дорад, то дилпур бошад, ки қалби лашкар устувор аст. Аз ин рў, қисмати зиёди лашкариён вазифадор буданд, ки аз он муҳофизат кунанд. Барафроштагии Парчам нишони ғалаба ва дилпурии сипоҳ маҳсуб меёфт.
Дар кишвари соҳибистиқлоли мо Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни умумимиллӣ ҳар сол бо шукӯҳу тантана таҷлил мегардад.
Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба Парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз он, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад, зеро Парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб меёбад. Аз файзи истиқлолият ва неъматҳои муқаддаси сулҳу ваҳдат имрӯз Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ифодакунандаи иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудаанд.
Аз ин рӯ, муҳаббат ва эҳтироми Парчами миллии мо бояд дар қалби ҳар як фарди бонангу номус маъво дошта бошад ва ӯро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд. Яъне, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад.
Парчами миллӣ ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари азизамон аз соҳибихтиёру соҳибистиқлол будани давлати тоҷикон башорат медиҳад. Мардуми шарафманди тоҷик имрӯз зери Парчами ваҳдату якдилӣ ба хотири эъмори ҷомеаи мутамаддин устуворона қадам мегузоранд ва бо азму иродаи созандаи худ дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ Парчами давлатии худро, ки ормони ҳар миллати озодихоҳ аст, ҷовидона муқаддас медоранд.
Парчам нишони сарфарозиҳои мардуми тоҷик, далели шуҳрату иқболи баланд ва шукӯҳафзои истиқлоли кишвар, инчунин баёнгари ормонҳои миллат ва шуълаи имони мардуми бонангу номуси Тоҷикистони соҳибихтиёр мебошад. Њар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, бонангу номус аз Парчами миллии худ ифтихор менамояд, эҳтироми онро ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ ва озодиву истиқлоли Ватан ба ҷо оварда, қадру манзалат ва шаъну эътибори онро ба наслҳои имрӯзу оянда талқин менамояд.
Парчам рамзи ҳаёти осоишта, бахту иқболи сафед, умед ба фардои дурахшон ва лоиқи эҳтироми ҳар як шаҳрванди худогоҳу худшинос аст.
Парчам барои миллат ахтар ва барои лашкар қудрат аст. Ҷилваи Парчам шабеҳи болафшонии парандаи бахту иқбол аст. Пас, бигузор, Парчами халқи тоҷик, дирафши фатҳу иршоди тоҷик то абад парафшон бошад.
Хуҷаниёззода Гулрухсор,
мудири бахши САҲШ-и ноҳияи Шуғнон

















































































































































































































































































































































































































































































