Субҳи рӯзи 23 ноябри соли ҷорӣ дар маркази ноҳияи Шуғнон ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоӣ гузаронида шуд.
Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кормандони идораҳо, намояндагони бахшу соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқи ноҳия, сокинон ва дигар қишрҳои ҷамъият бо навбат бо Парчами давлатӣ, шиору овезаҳои саршор аз муҳаббату самимият нисбат ба Ватан-модар, арзишҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо нишони арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу миллат раҳпаймоӣ карданд.
Баъди раҳпаймоӣ дар назди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар маркази маъмурии ноҳия шаҳраки Ваҳдат бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил суханронӣ намуда, ҷамъомадагон, мардуми шарифи ноҳия ва тамоми ҳамватанони азизро ба муносибати “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” табрику таҳният намуд.
Зикр карда шуд, ки Парчами давлатӣ ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату ватандорӣ, ҳифзи истиқлолияту дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуда, ҳангоми маъракаҳои расмии давлатӣ, чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва байналмилалӣ ҳамчун рамзи шоистаи ватандории тоҷикон барафрохта мешавад.
Ҳамзамон, дар ҷамъомади тантанавӣ бархе аз фаъолони ноҳия ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо Ифтихорномаи Раиси ноҳияи Шуғнон сарфароз гардонида шуданд.
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаи ҷолибу рангини консертии ҳайати эҷодии кормандони фарҳанги ноҳия, ки дар сатҳи баланд иҷро шуда буд, ҷамъбаст гардид.

















































































































































































































































































































































































































































































