Санаи 1 декабри соли равон дар толори варзиши Ҷамоати деҳоти Сучон мусобиқаи варзишӣ аз намуди гуштини ҷудо дар заминаи рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи яке аз паҳлавонони шинохтаи кишвар Меҳралишоев Назармамад баргузор гардид, ки дар он варзишгарони тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.

Бояд қайд кард, ки дар ин мусобиқа раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил иштирок ва суханронӣ намуд.

Роҳбарияти ноҳия қайд кард, ки варзиш яке аз омилҳои солимгардонии ҷомеа ба шумор меравад, ки ноҳияи Шуғнон замина барои ҳама гуна варзиш мебошад. Ноҳияи Шуғнон зодгоҳи бисёр одамони барӯманди чи вилояту чи Ҷумҳурӣ мебошад. Яке аз чунин шахсиятҳо Назармамад Меҳралишоев мебошад ки номи Шуғнонзаминро дар арсаи ҷаҳони муаррифӣ намуд.

Мусобиқа бисёр шавқовар сурат гирифта ҷоизадорон бо ифтихорнома ва медалҳо қадрдонӣ шуданд.