Санаи 2 декабри соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи назорати доир гардид.
Дар ҷаласа муовини раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони идораву муассисаҳо, бахшҳо ва шуъбаҳо ширкат варзиданд.
Зимни баргузории кори ҷаласа масъалаи вусъати корҳои сохтмонӣ, ҷамъбаст ва табиқи барномаҳои пешбинишуда ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифта, вобаста ба бартараф намудани камбудиҳо ва иҷро намудани корҳои банақшагирифта аз тарафи роҳбарияти ноҳия ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

















































































































































































































































































































































































































































































