Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон иҷлосияи ғайринавбатии бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шуғнон, даъвати шашум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шуғнон доир гардид
Дар кори иҷлосия муовинон, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, корхонаю муассисаҳои ноҳиявӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ва намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки вакил нестанд иштирок намуданд.
Иҷлосия таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шуғнон Шоисматуллозода Комил сурат гирифт.
Ҳамзамон дар кори иҷлосия муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мӯҳтарам Нилуфар Асламшоева иштирок намуданд.
Дар оғоз вакилон котиботи иҷлосияро интихоб намуда, масъалаҳои рӯзнома ва тартиби кори онро тасдиқ намуданд.
Тавре дар иҷлосия иброз гардид, бо назардошти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2024 «Дар бораи таъйин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» рӯзномаи иҷлосия таҳия гардида, ба он масъалаҳо дар бораи таъсис додани комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва дар бораи ташкил кардани ҳавзаҳои интихоботӣ барои Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шуғнон ворид карда шуд.
Бо баррасии масъалаҳо иҷлосияи Маҷлиси вакилони ноҳия қарор кард, ки миқдори ҳавзаҳои интихобот барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шуғнон дар доираи 40 адад муқаррар карда шавад.
Ҳамчунин дар иҷлосия комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шуғнон дар ҳайати 9 нафар таъсис дода шуд.
Раиси ноҳияи Шуғнон таваҷҷуҳи вакилони халқ, раисони ҷамоатҳои деҳот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдорро барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардидани ин маъракаи сиёсӣ ҷалб намуда, барои таъмини бехатарию тартиботи ҷамъиятӣ, иштироки фаъоли интихобкунандагон, тозаю озода намудани гирду атрофи ҳавзаҳо дастуру супоришҳои судманд доданд.
Дар ин робита, ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардидани ин маъракаи сиёсӣ муовини Раиси вилоят Нилуфар Асламшоева суханрони намуда ба роҳбарият ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон дастуроти мушаххас доданд.
Аз рӯи ҳама масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Бо ҳамин иҷлосияи ғайринавбатии бистуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шуғнон, даъвати шашум кори худро анҷом дод.
Сомонаҳои муфид
Previous
Next

















































































































































































































































































































































































































































































