Санаи 25 декабри соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон иҷлосияи бисту дуюми маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум баргузор гардид.

Дар кори иҷлосия муовини раиси ВМКБ муҳтарам Асламшоева Нилуфар, раиси ноҳияи Шуғнон Шоисматуллозода Комил, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ, раисони ҷамоатҳои деҳот, вакилон ва сохторҳои қудратӣ ширкат варзиданд.

Иҷлосия бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

Дар иҷлосия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

– Тасдиқ намудани бучети маҳалии ноҳия Шуғнон барои соли 2025 ва таъмини иҷрои он дар соли 2023:

-Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии махаллӣ:

– Ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халки нохияи Шуғнон оид ба иқтисод, бучет, молия ва андоз:

– Тасдик намудани карорҳои раиси ноҳия, ки дар байни ичлосияҳои бистум ва бистудуюми Мачлиси вакилони халки нохия, даъвати шашум кабул гардидаанд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳамаи шахсони масъул тибқи масъалаҳо баромад намуда,ҳамаи масъалаҳо таҳлилу баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Инчунин дар баррасии масъалаҳо раиси ноҳияи Шуғнон Шоисматуллозода Комил кадрҳое, ки дар вазифаҳои пурмасъул таъин гардиданд, табрику муборкбод намуда, дар кору фаъолияти минбаъда ва саҳми арзандаи худро гузоштан дар рушду нумуъи ноҳия барору комёбиро орзу намуд.

Дар идома муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Нилуфар Асламшоева баромад намуда, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Бо ҳамин иҷлосияи нӯнздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум ба кори худ хотима бахшид.