Нимаи дуюми рӯзи 25 декабри соли равон дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон бо роҳбарии Раиси ноҳияи Шуғнон Шоисматуллозода Комил машварати корӣ баргузор гардид. Дар он муовинони раиси ноҳия, роҳбар ва мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия ва роҳбарони сохторҳои ноҳиявӣ иштирок намуданд. Дар кори машварат як қатор масъалаҳои муҳим аз ҷумла, омодагӣ ба даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумхурии Точикистон мутобиқи Қонуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарби”, Ҷамъбасти ҷараёни маъракаи ҷамъоварии ҳосилоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагиҳои ноҳия, Рафти ичрои қарори раиси ноҳияи Шуғнон аз 12 майи соли 2023, №246 қарори раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 27 апрели соли 2023, №140 оид ба қарори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 1 марти соли 2023, №53 “Дар бораи барномаи экологии Чумхурии Точикистон барои солхои 2023- 2028”, Рафти иҷрои қарори раиси ноҳия аз 4.12.2019, №686, карори раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 12.11. соли 2019, №376 Қарори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 30 августи соли 2019, №376 “Дар бораи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳамаи шахсони масъул тибқи масъалаҳо баромад намуда,ҳамаи масъалаҳо таҳлилу баррасӣ гардиданд ва дар доираи масъалаҳо шахсони муттасади аз тарафи роҳбарияти ноҳия ҷиҳати дар сатҳи баланд ҳал намудани масъалаҳои дар боло зикргардида супоришҳои мушахас гирифтанд.

















































































































































































































































































































































































































































































