Санаи 30 декабри соли равон дар арафаи таҷлили Соли нави мелодӣ раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил зимни сафари корӣ дар ҷамоати деҳоти Ғ. Шаҳбозов ба аёдати кӯдакони имконияташон маҳдуд дар маркази хизматрасонии иҷтимоӣ барои кудакони имконияташон маҳдуди “Нури Шуғнон” рафта, онҳоро бо фарорасии соли нави 2025 табрику муборакбод намуд.
Имрӯзҳо дастгирӣ намудани табақаи эҳтиёҷманди аҳолӣ ба хусус шахсони имконияташон маҳдуд, ин нишони дар амал татбиқ намудани сиёсати иҷтимоии мамлакат ва дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ғамхорӣ дар хотири ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманд ва дастгирии онҳо дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи самтҳои муҳим буда, дар тамоми қаламрави мамлакат ин табақаи зикршудаи аҳолӣ аз ҳар як иқдомҳои ташаббуси хайрхоҳона инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳраманд мегарданд.


















































































































































































































































































































































































































































































