Ҳамдиёрони азиз !
Инак боз мардуми сарбаланду куҳанбунёди ноҳияи Шуғнон бо шукргузорӣ аз сулҳу амнияти кишвар соли Нави мелодиро бо нияти осоиштагии ҳар як хонадон, фароҳам овардани шодмонию бахту саодат, дӯстиву рафоқат, иттиҳоду иттифоқ ва амалҳои неки созандагию бунёдкорӣ, ҳамчунин амалӣ гардидани кули орзуҳои муқаддасашон ҷашн мегиранд.
Аз ин рӯ, бо камоли эҳтиром тамоми мардуми шарифи Шуғнон ва кули ҳамватанони бурунмарзиро бо фарорасии соли Нави мелодӣ табрику муборакбод гуфта, барои ҳар як хонадони тоҷик некӯаҳволӣ, бахти фирӯз, иқболи нав, зиндагии босаодат орзумандам. Умедворам, соли Нави мелодӣ дар ҳаёти мо дар ҷамбаи созандагиву бунёдкорӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардонда мешавад.
Шукри истиқлолияти давлати мо аст, ки мардуми Шуғнонзамин мисли тамоми сокинони Ватани азизамон Тоҷикистон идҳои миллӣ, расму ойин ва анъанаҳои аҷдодии худро дар фазои сулҳу салоҳ, дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми якдигар таҷлил менамоянд. Ҳамаи ин аз баракати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмини ягонагию ваҳдати миллӣ, ризоияти иҷтимоӣ дар мамлакатамон муяссар гардидааст.
Агар бурду бохти соли куҳанро дар тарозуи амал баркашем, он барои Шуғнонзамин аз ҳар ҷиҳат бофайз ва пур аз музаффариятҳои шодибахши сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ буд. Дар соли куҳан ноҳияи Шуғнон дар аксари соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба пешравиҳои тоза ноил гардида, дар замири мардуми он эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ ва рӯҳияи созандагиву хушбинӣ ба ояндаи нек густариши бештар пайдо намуд. Азму талоши созандагиву бунёдкорӣ дар ноҳия боз ҳам вусъат ёфта, ба таҳкими дастовардҳои истиқлолияту пояҳои давлатдории миллӣ ва амалӣ гардидани ормонҳои деринаи мардум мусоидат намуд. Бояд зикр намуд, ки омили асосии ин дастоварду комёбиҳо, пеш аз ҳама дарки арзишҳои муқаддаси истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва эҳсоси гарми ватандорӣ ва қарзу маъсулияти шаҳрвандӣ мебошад.
Бо мақсади иҷрои қарори раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 25 январи соли 2022 № 31 роҷеъ ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022 № 311 ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори раиси ноҳияи Шуғноназ 3 феврали соли 2022 № 71 ба тасвиб расонида, як қатор корҳоро ба анҷом расонид. Бояд қайд намуд, ки бо баъзе тағйируиловаҳо нақшаи чорабинии мазкур аз 260 банд бо маблағиумумии 826 миллиону 712,1 ҳазор сомонӣ тартиб дода шуда, бандҳои мазкур тавассути маблағгузории буҷети вазоратҳо, кумитаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия, ташкилотҳои ғайридавлатию соҳибкорони маҳаллӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ амалӣ карда мешаванд. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар тӯли солҳои 2020-2025 бунёду барқарорсозии 137 иншоот ба маблағи 435686,5ҳазор сомонӣ нақшабандӣ гардидааст.
Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ соҳаҳои воқеии иқтисодии ноҳия, аз ҷумла саноат ва кишоварзӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил шудаанд. Танҳо дар давоми соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия 25,6% афзоиш ёфта, то ба 52,9 миллион сомонӣ расидааст, ва маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ ба 157,9 миллион сомонӣ расидааст, ки 1,1% нисбати соли қаблӣ зиёд мебошад.
Дар бонки ноҳиявӣ пасандози аҳолӣ дар маҷмӯъ маблағи 18 млн 282,8 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбати ҳаминдавраи соли гузашта ба маблағи 2 миллиону 831,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Ҷиҳати таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2023 № 586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ», дар нуҳ моҳи соли 2024 корҳоимуайянбаанҷомрасонидашуда, ба ҳолати 1 октябри соли 2024 корҳоимуайянебаанҷомрасонидашуданд. Мувофиқи маълумотҳои бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ дар ҳудуди ноҳияи Шуғнон 136 адад постерминалҳо насб шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 78 адад зиёд мебошанд; шумораи амалиётҳои гузаронида шуда 87638 адад ба қайд гирифта шуда, маблағҳои гузаронидашуда дар маҷмуъ 11 миллиону 021,1 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 8 миллиону 762, 9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 январи соли 2022 таҳти рақами 309 дар бораи “Солҳои рушди саноат” эълон намудани солҳои 2022-2026 дар соли 2024 10 адад корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ бо теъдоди 37 нафар ҷойҳои нави корӣ ба қайди Нозироти андоз ва омор ворид гардида, мавриди истифодабарӣ қарор дода шудаанд. Соҳаи сохтмон соҳаи асосии иқтисодиёти ноҳия маҳсуб ёфта, дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ мавқеи хоса дорад. Дар давоми соли 2024 корҳои сохтмонӣ идома ёфта, дар маҷмуъ ба маблағи 63 миллиону 428,5 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ амалӣ гардиданд. Азҷумла давлатӣ 5 миллону 588,6 ҳазор сомонӣ, инвеститсияи хориҷӣ 148 миллион 749 ҳазор сомонӣ ва хусусӣ 9 миллону 90 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар соли 2024 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунгоҳи тиббии деҳаи Зувори Ҷамоати деҳоти Вер сохта шуд. Инчунин аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон бунгоҳи тиббии деҳаи Гармчашмаи Ҷамоати деҳоти Ванқалъа сохта шуда ба истифода дода шуданд. Бояд қайд намуд, ки бунгоҳи тиббии деҳаи Танг, бунгоҳи тиббии деҳаи Рож, бунгоҳи тиббии Даштаки Ҷамоати деҳоти Сучон ва бунгоҳи тиббии деҳаи Ҷируҷи Ҷамоати деҳоти Поршинев аз таъмири асосӣ бароварда шуданд.
Қобили ифтихор аст, ки дар ҷараёни ташрифи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар соли равон бунгоҳи тиббии деҳаи Кушк, майдончаи варзишии деҳаҳои Хоса, хати оби нушокӣ деҳаи Кушк, толори варзишии назди муассисаи таълимии рақми 14, маркази инкишофи барвақтии кудаки деҳаи Тишори Ҷамоати деҳоти Поршинев, бунгоҳи тиббии деҳаи Гожак, майдончаи варзишии Ҷамоати деҳоти Ғарибшо Шаҳбозов, кудакистони назди муассисаи таълимии № 25 деҳаи Танги Ҷамоати Сучон, толори варзишии назди муассисаи рақами 8, майдончаи варзишии назди муассисаи таълимии рақами 7 Ҷамоати деҳоти М. Ширинҷонов, хатҳои оби нушокӣ дар деҳаҳои Риваки Ҷамоати деҳоти Навобод, таваллудхонаи Ҷамоати деҳоти Вер, майдончаи варзишии Ҷамоати деҳоти Ванқалъа мавриди истифода қарор дода шуданд.
Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз шаҳраки Ваҳдат то дарвози ноҳияи Шуғнон дар соли 2024 фурузонакҳои равшнандиҳандаи куча ба маблағи 245920 сомонӣ васл гардида, ба истифода дода шудаанд.
Бояд қайд кард, ки соли 2024 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд таъмири роҳи байналмилалии деҳаи Барсем- Колхозободи Ҷамоати деҳоти Сучон дар масофаи 3,6 км,бо арзиши харҷномавии 235 миллион 910,0 ҳазор сомонӣ нақшабанди шуда, аз аввали сохтмон ба ҳолати имруза маблағи 147 миллиону 798,8 ҳазор сомони иҷро гардида, корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.
Илова бар ин, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ноҳияи Шуғнон ва шарикони рушд дар деҳаи Пашори Ҷамоати деҳоти Поршинев сохтмони гармхонаи калонтарин дар майдони 1 га ба нақша гирифташуда, корҳои сохтмонӣ аз соли 2025 оғозмеёбанд.
Итминони комил дорам, ки мардуми ватандӯст ва бонангу номуси ноҳияи Шуғнон чун аҷдоди сарбаланду шарафманди хеш барои расидан ба ҳадафҳои олии умумимиллӣ, дар навбати аввал ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу суббот, инчунин ободу пешрафта гардонидани Ватани азизамон саъю талош хоҳанд кард.
Фақат дар ҳамин сурат ва танҳо бо дилсӯзии содиқонаву софдилона мо метавонем ҳамчун як нерӯи тавоно тамоми мушкилоти мавҷудаи ҷомеаи худро бартараф созем, нақшаву ниятҳои неки худро ба хотири ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон ва рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвари азизи соҳибистиқлоламон амалӣ намоем.
Ҳамаи ин дастоварду муваффақиятҳои кишвар, аз ҷумла дар ноҳияи Шуғнон дар давраи 33- соли истиқлолияти Ватан ва аз баракати ваҳдати милливу суботи кишвар ба даст омадаанд. Итимнони комил дорам, ки сулҳу суботи пойдори ҷомеа ва меҳнати созандаи мову Шумо дар роҳи рушди минбаъдаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шӯҳрати Тоҷикистонро дар арсаи олам боз ҳам баланд гардонида, ба болоравии сатҳи зиндагии мардумамон мусоидат мекунад. Дар ин раванд ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ободии кишвар ва ташаккули ҷомеаи пешрафта дар дасти худи мову шумост. Ҳамчунин ҳар кадоми мо бояд шукронаи истиқлолияти давлатӣ ва соҳибватану соҳибихтиёриро ба ҷо биёрем ва ҳамеша дар фикри ободии Ватан, осудагии мардум ва таҳкими иқтидори иқтисодии давлати соҳибистиқлоламон бошем. Вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи мо, пеш аз ҳама устувор намудани пояҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон буда, насли наврасу ҷавонро дар рӯҳияи ватадӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву сннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия намудан аст. Онҳо бояд шахсони бомаърифат, бофарҳанг, бонангу номус, эҷодкор, инчунин номбардорони миллати қадима ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бошанд. Соли 2025 барои мо дар самти боз ҳам афзун намудани дастовардҳои истиқлолият ва рушду нумӯи давлатдории миллӣ, боз як имтиҳони ҷиддие ба шумор меравад.
Дар ин лаҳзаҳои хурсандиовар бо як ҷаҳон орзуҳои нек бори дигар ҳамаи Шумо ҳозирини муҳтарам ва дар симои Шумо кулли мардуми сарбаланди Шуғнонро бо фарорасии соли Нави мелодӣ табрик гуфта, саодати рӯзгору сиҳатмандӣ, оромиву осоиши хонадон ва барори кор орзу менамоям.
Ҳамеша саломату хушбахт бошед, ҳамдиёрони гиромӣ !

















































































































































































































































































































































































































































































