Паёмҳои Пешвои миллат, воқеан, барномаи корие барои рушди бемайлони кишвари азизамон буда, аз як тараф, натиҷаҳои бадастомадаи як соли гузаштаро ба баррасӣ кашида, аз тарафи дигар барномаву ҳадафҳои заруриро барои як соли дигар ба миён мегузорад. Дар доираи нақша-чорабиниҳои МИҲД ВМКБ санаи 7 январи соли ҷорӣ гуруҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар айҳати Мудири бахши таҳлилӣ иттилоотии дастгоҳи раиси вилоят Кишвар Амиршоев, Сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ВМКБ Анвар Акрамов, Мудири шуъбаи дин, танзиму анъана ва ҷашну маросим МИҲД ВМКБ Ҷурабеков Шамшербек ва муовини раиси ноҳияи Шуғнон Мирзоашраф Пайрав Изатали бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Поршинев ва М. Ширинҷонови ноҳияи Шуғнон вобаста ба бандҳои алоҳидаи Паём вохӯриҳои судманд анҷом доданд.

“Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳими расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, ифодаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи мукаммали фаъолияти тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад”, гуфта шуд, зимни мулоқот бо сокинон ва фаъолони ҷамоатҳои деҳот.