.
09 январи соли 2025 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон таҳти роҳбарии раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шуғнон дар соли 2024 баргузор гардид.
Дар ҷаласаи ҷамъбасти рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар соли 2024 муовинони Раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони муассисаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, занон, ҷавонон иштирок намуданд. Ҳамзамон дар ҷаласаи ҷамъбастӣ ба намояндагӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Имомалӣ инчунин ба намояндагӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ муовини раиси ВМКБ муҳтарам Нилуфар Асламшоева иштирок намуданд.
Пас аз муайян гардидани регламенти корӣ аз рӯи масъалаи рӯзнома оид ба нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар соли 2024 мудири бахши иқтисод ва савдои ноҳияи Шуғнон Илҳом Бекназаров ҳисобот дод.
Сипас сардорони сохторҳои молия, андоз, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш ва дигар шахсони масъули ноҳия, ба музокира баромада, оид ба фаъолияти соҳа ва дар самти камбудиҳо суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин дар рафти маҷлис аз раисони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ва дигар сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пурсиш ба амал оварда шуда, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастур дода шуд.
Дар фарҷоми ҷаласа муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Имомалӣ ва муовини раиси ВМКБ муҳтарам Нилуфар Асламшоева баромад намуда, ҷиҳати баланд бардоштани рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ноҳия ба роҳбарият ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон дастурҳои судманд доданд, ки бо дарназардошти сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқололияти давлатии Тоҷикистон иҷрои саривақтии Нақша-чорабиниҳои амалисозии корҳои ободониву бунёдкориро дар муҳлатҳои муайянгардида ва бо сифати баланд таъмин намоянд.
Пас аз муҳокимаи ҳамаҷониба оид ба натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои ноҳия дар соли 2024 қарори дахлдор қабул гардида, вазифаҳо барои соли 2025 муайян карда шуданд.