Дар доираи нақша-чорабиниҳои МИҲД ВМКБ ва МИҲД ноҳияи Шуғнон санаи 17 январи соли ҷорӣ гуруҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Шуғнон дар айҳати Мудири бахши таҳлилӣ иттилоотии дастгоҳи раиси вилоят Кишвар Амиршоев, Сардори идораи телевизион ва радиои ВМКБ Файзуллобек Тоҷинисо Ҷангибек, Мудири шуъбаи дин, танзиму анъана ва ҷашну маросим МИҲД ВМКБ Ҷурабеков Шамшербек инчунин ба намояндаги аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Собиров Раҳматулло, Раиси Ҷамоати деҳоти Навобод Саидраҳмонов Амонулло бо сокинони Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Шуғнон вобаста ба бандҳои алоҳидаи Паём вохӯрии судманд анҷом доданд.

Дар вохӯрӣ меҳмонон роҷеъ ба нуктаҳои муҳими Паёми навбатӣ сухан гуфта, таъкид доштанд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат бо диди хеле амиқ ва ҳаматарафа санҷидашуда вазъи мавҷудаи ҳаёти ҷомеа ва пешбинии самти инкишофи онро барои солҳои минбаъдаи ҷумҳурӣ муайян намудаанд. Ҳамчунин дарки муносиби муҳтавои Паём ҳар як сокини кишварамонро ба он умедвор менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба вазъи мураккаби сиёсию иқтисодии ҷаҳони муосир сол ба сол таваҷҷуҳи худро ба беҳбуд бахшидани зиндагии мардум зиёдтар намуда, кафолати ҳаёти осоиштаю сулҳомезро истеҳком мебахшад.

“Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳими расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, ифодаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи мукаммали фаъолияти тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад”, гуфта шуд, зимни мулоқот бо сокинон ва фаъолони ҷамоати деҳот.